РАФТИ БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲОИ САҲРОИИ МАКТАБИ ЗИМИСТОНА ДАР САМТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

 04.02.2025

#WINTERSCHOOL РАФТИ БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲОИ САҲРОИИ МАКТАБИ ЗИМИСТОНА ДАР САМТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
 
Оғоз аз санаи 30 январи соли ҷорӣ Мактаби зимистона оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва идоракунии ҳамгирошудаи ҳавзаи об дар манзараҳои ҳайратенгез бо иштироки олимону коршиносони ватанию хориҷӣ бо ташаббуси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев баргузор гардида истодааст.
 
Дар доираи ин барнома дарсҳои саҳроӣ - амалӣ дар ҳудуди минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Файзобод дар мавзуи “Посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва омодагӣ – системаи фармони ҳодиса ва ёрии аввала” ба иштирокчиён омӯзонида шуда истодааст.
 
Корҳои саҳроӣ-амалӣ дар мавзеъҳои барои гузаронидани дарсҳои саҳроӣ пешбинишуда бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва усулҳои дақиқи омӯзишӣ бомарор идома дошта, ба ин васила донишҷӯёну омӯзгорони самти мазкур таҷрибаи худро дар амал татбиқ менамоянд.
Машғулиятҳо то 6 феврал идома намуда, дар фарҷоми барнома иштирокчиён бо сертификат қадрдонӣ мегарданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
476413469_1198289478966516_1782570152171642718_n
 

Ба рӯйхат