ЭЪЛОН ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

 05.02.2025

ЭЪЛОН ОИД БА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ


Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни донишгоҳро барои таҳсил дар Донишгоҳи IT Остона (Astana IT University), Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв, Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов ва Академияи давлатии авиатсияи Белорус дар доираи барномаи табодули академӣ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 эълон менамояд.

Талабот барои довталабон:
1. Шаҳодатномаи донистани забони англисӣ B2 (барои таҳсил дар Astana IT University),
2. Транскрипт,
3. Мактуби асосноккунӣ (Motivation Letter),
4. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ.

Бақайдгирии хоҳишмандон оғоз гардида, қабули ҳуҷҷатҳо то 10 феврали соли 2025 ба роҳ монда мешавад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ (бинои асосии донишгоҳ, ошёнаи 3, утоқи 1/313) муроҷиат намоед.

photo_2025-02-05_09-23-51_1 photo_2025-02-05_09-26-32_2

photo_2025-02-05_09-27-14_2 photo_2025-02-05_09-28-57_1


Ба рӯйхат