АРТИШИ МИЛЛӢ-ПОЯИ УСТУВОРИ ВАТАН

 21.02.2025

АРТИШИ МИЛЛӢ-ПОЯИ УСТУВОРИ ВАТАН
 
Санаи 21 феврали соли 2025 дар доираи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ворид гардонидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби горди фахрӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
 
Дар рафти чорабинӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар махсус таъкид гардид.
Зикр гардид, ки бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сохтори боэътимоди ҳифзи амнияти давлатӣ ва суботи миллӣ табдил ёфтааст.
 
Ҳамзамон дар идомаи чорабинии мазкур барои болида гардонидани табъи ҳозирин аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишгоҳ “Муҳандиси ҷавон” барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Дар охир ба афсарон ва як қатор омӯзгорони фаъол ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат