ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ
ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
Бо камоли ифтихор ва шарафмандӣ иттилоъ медиҳем, ки кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҲИКМАТОВ ҶУМЪАБОЙ ҲАКИМОВИЧ – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забонҳо ва ҶАМОЛИДДИНОВ СОРБОН МУСОХОНОВИЧ – лаборанти кафедраи Масолеҳҳо, технология ва ташкили сохтмонӣ, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, дар номинатсияҳои “Адабиёти классики тоҷик” ва “Адабиёти муосири тоҷик” миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, намояндагони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Раёсат ва иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ комёбии омӯзгоронро ифтихори тамоми ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дониста, ба эшон бурдборӣ ва дастовардҳои арзандаро дар давраҳои минбаъдаи озмун таманно менамояд.