БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ТАҲТИ УНВОНИ “МОДЕРНИЗАТСИЯИ ЧИН”. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ЧИНӢ БО РОҲБАРИИ УЗВИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ ЧИН, КОТИБИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ МУЗОФОТИ ТСИНХАЙ БА ДОНИШГОҲ

 27.08.2025

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ТАҲТИ УНВОНИ “МОДЕРНИЗАТСИЯИ ЧИН”. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ЧИНӢ БО РОҲБАРИИ УЗВИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ ЧИН, КОТИБИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ МУЗОФОТИ ТСИНХАЙ БА ДОНИШГОҲ
 
Имрӯз, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки ҳайати баландпоя аз Ҷумҳурии Мардумии Чин конференсия таҳти унвони “Модернизатсияи Чин” баргузор гардид.
 
Дар кори конференсия У Сяотсзюн – узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, котиби ҳизби Коммунистии Музофоти Тсинхай, Го Жиҷун – сафири навтаъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоқосим Каримзода – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарити Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ректорони Донишгоҳи Тсинхай ва Донишгоҳи касбӣ-техникии Тсинхай ва дигар намояндагони расмӣ ширкат варзиданд.
 
Дар ҷараёни конференсия баромадкунандагон таъкид намуданд, ки лоиҳаҳои дуҷониба, ки ба модернизатсияи ҳарду кишвар мусоидат мекунанд, боз ҳам фаъолтар рушд намуда, дар доираи ҳамкории муштарак оид ба сохтмони «Камарбанд ва роҳ» миқёси ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Чин пайваста афзоиш меёбад. Ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи манбаъҳои нави энергия, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электрониро афзал шуморида, барои пешбурди чунин самтҳо изҳорӣ назар намуданд.
 
Пас аз анҷоми қисмати асосӣ, бо иштироки меҳмонони расмӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишгоҳи Тсинхай ва Донишгоҳи касбӣ-техникии Тсинхай “Ёддошти тафоҳум” ба имзо расонида шуд, ки самтҳои муҳими ҳамкориро миёни муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ мекунад.
 
Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон аз Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан, ки соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бунёд карда шудааст, дидан намуданд.538125439_1382265733902222_1362904657598934129_n540259172_1382266640568798_260271184548730051_n539161856_1382266613902134_2257564139768882048_n539097406_1382265997235529_4744046019674570798_n536283884_1382267110568751_3697348280141533805_n539575918_1382266550568807_144633673171317148_n538627244_1382266757235453_1397622310833472680_n539144983_1382266250568837_3954327189442506056_n539071716_1382266980568764_4928925780664412152_n
 
У Сяотсзюн – узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, котиби ҳизби Коммунистии Музофоти Тсинхай натиҷаи фаъолияти коргоҳи мазкурро баҳои баланд дода, барои боз ҳам вусъат додани доираи ҳамкориҳо изҳори назар намуд.538262178_1382265957235533_7492649583808137606_n538255631_1382266687235460_4002188454972176374_n

Ба рӯйхат