МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ КУШОДАШАВИИ “ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ КАСБӢ”

 27.08.2025

МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ КУШОДАШАВИИ “ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ КАСБӢ”
 
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маросими тантанавии кушодашавии “Чемпионати ҷаҳонии касбӣ” аз рӯйи номинатсияҳои “Корҳои геологӣ ва геодезия” ва “Энергетика” баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин дастаҳои иштирокчӣ аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Чемпионати ҷаҳонии касбӣ имконият фароҳам меорад, то донишҷӯён маҳорати худро дар самтҳои болозикр нишон дода, омӯзиши усулҳои навро дар самт тақвият диҳанд.
Дар ҷараёни маросими ифтитоҳӣ суханрониҳои расмӣ баргузор шуда, ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ва дигар баромадкунандагон аз аҳамияти мусобиқаҳои ҷаҳонии касбӣ дар рушд ва такмили малакаҳои ҷавонон таъкид карданд.
 
Дар муосибиқа дар маҷмӯъ 20 дастаи иштирокчӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи нақша, чемпионат давоми ду рӯз идома ёфта, беҳтарин иштирокчиён дар даври навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ имкони муаррифии дастаи худро пайдо хоҳанд кард.

Ба рӯйхат