Санаи 27-28 август дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ “Чемпионати ҷаҳонии касбӣ” аз рӯйи номинатсияҳои “Корҳои геологӣ ва геодезия” ва “Энергетика” баргузор гардид, ки дар он дастаҳои иштирокчӣ аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар муосибиқа дар маҷмӯъ 20 дастаи иштирокчӣ ширкат варзидаанд, ки тибқи нақша, чемпионат давоми ду рӯз идома ёфта, беҳтарин дастаи иштирокчӣ муайян карда шуд, ки дар даври навбатӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар кишвари Чин имкони муаррифии дастаи худро пайдо намуданд.
Чемпионат бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил гардида, бузургтарин минбар барои намоиши маҳорати донишҷӯёну устодон, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад, ки аз соли 2008 инҷониб баргузор гардида истодааст. Имсол он бо назардошти самтҳои рушду эҳтиёҷоти соҳаҳои калидии саноатӣ ва иҷтимоӣ дар 43 номинатсия доир гашта, се марҳила- интихобӣ, даврҳои тахассусӣ ва даври ниҳоиро, ки дар шаҳри Тянҷини Чин баргузор мешавад, дар бар мегирад. Чемпионати ҷаҳонии касбӣ имконият фароҳам овард, то донишҷӯён маҳорати худро дар самтҳои болозикр нишон дода, омӯзиши усулҳои навро дар самт тақвият диҳанд.
Дар ҷараёни маросими ҷоизасупорӣ суханрониҳои расмӣ баргузор шуда, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе, ректорони донишгоҳ ва намояндагони дигар муассисаҳои таълимии Чин ширкат варзида, баромадкунандагон аз аҳамияти мусобиқаҳои ҷаҳонии касбӣ дар рушд ва такмили малакаҳои ҷавонон таъкид карданд.
Мақсади асосии мусобиқа таҳкими робитаи донишгоҳҳо бо истеҳсолот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таълим ва мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар фарҷоми мароси ҷоизасупорӣ дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ҳарду номинатсия бо гирифтани ҷойҳои якум роҳхати иштирок дар даври навбатиро гирифт. Дастаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсияи “Корҳои геологӣ ва геодезия” ва дастаи Филиали "Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ"-и Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсия “Энергетика” сазовори ҷойи дуюм гардида, бо медал ва диплом қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти “Чемпионати ҷаҳонии касбӣ” ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷоизаи беҳтарин муассисаи ташкилотчӣ барои ташкили мусобиқаи мазкур тақдим карда шуд.