ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 02.09.2025

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 1 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар фазои тантанавӣ ба соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз бахшида шуд.
Ҷамъомади тантанавӣ, ба ифтихори Рӯзи дониш бо иштироки ректори муассиса доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қ.Қ., мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н, муовини сардори раёсати БДА ҶТ, подполковники милитсия Оқилзода О.С., раёсат ва ҳайати устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни соли аавал баргузор гардид.
 
Давлатзода Қудрат Қамбар дар баробари шодбошии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён ба оғози соли нави таҳсил зикр намуд, ки хушбахтона соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат қарор дорад. Тавре Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ 30 августи соли 2025 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид мекунанд: «Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» нагуфтаанд». Бо ҳамин муносибат, дар ҳамаи мактабҳо ва муассисаҳои олии касбии кишвар дарси нахустин бо номи “Дарси сулҳ” оғоз мегардад. Ин дарс дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад, зеро сулҳ бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат аст.
Мавриди зикри хос аст, ки имсол Рӯзи дониш дар арафаи 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, бешак ҳисси ифтихор аз ватандорӣ, ҳувияту худшиносии ҳар як ҷавонро меафзояд.
 
Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисоди Ҳикматуллозода Неъматулло ва муовини сардори раёсати БДА ҶТ, подполковники милитсия Оқилзода Одилҷон зимни суханронӣ ҳозиринро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуда, баён доштанд, ки бояд донишҷӯён қабл аз ҳама илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намуда, саҳми хешро ҳамчун ҷавонони фаъол дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.
Ҷамъомад бо сухани хотимавӣ ва таманниёти нек ба фарҷом расид.

Ба рӯйхат