ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ: САМТҲОИ АСОСӢ ВА ДУРНАМО

 06.09.2025

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ: САМТҲОИ АСОСӢ ВА ДУРНАМО
 
Таҳти чунин унвон имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ҳамоҳанги бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Абдуллозода Рамазон – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ, Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳимзода Фархунда Шуҳтарҷон — сармутахасиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, ва Шарофзода Эраҷ Умрибой — мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишгоҳ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
 
Рамазон Абдуллозода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 34 солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки барои ҳар як давлат ва қавму миллат доштани Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин арзиши умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлол рамзи озодӣ, ҳуқуқбунёдӣ, якдилию якмаромӣ буда, роҳи пурсаодати миллатро тавассути фароҳам овардани неъматҳои моддию маънавӣ ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ мекушояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мафҳум ва моҳияти “истиқлолият” дар таълимоти як қатор олимону равшанфикрон ба сифати беҳтарин неъмат ва заминаи асосии хушбахтии инсоният шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
 
Дар идома маърузачиён роҷеъ ба мафҳуми истиқлолу ягонагӣ, якпорчагиву якдилӣ, худшиносиву ҳувияти миллӣ суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки Истиқлол ва худшиносии миллӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки ба ҳамдигар пайвасти ногусастанӣ дошта, яке дигареро мукаммал мегардонад. Истиқлол падидаи барҷастаи таърихию фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият, нишонаи ҳастию бақои миллати тоҷик мебошад. Худшиносии миллӣ ҷавҳарест, ки истиқлол, амният, устуворӣ, пойдорӣ ва рушду гулгулшукуфоии давлатро таъмин мекунад. Худшиносӣ моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамун сохта, роҳи моро барои эъмори давлати озоду ҳуқуқбунёд осон мекунад.
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат