ҲАМОИШИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ИН ҲАМА ФАЙЗ ЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ"
Имрӯз, 5 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идона таҳти унвони “Ин ҳама файз зи истиқлол аст” бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII - Амирзода Ориф Ҳамид, раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Қурбонова Руқия Атоевна, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хоса, баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳӣ – табрикотиро муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳ Тоҳир Маҷидзода ироа намуда, ҳозиринро ба муносибати 34-умин солагрди ҷашни миллии Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуда, таъкид дошт, ки имрӯз истиқлоли давлатӣ ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рамзи нангу номуси миллӣ, мояи ифтихор ва сарчашмаи худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфта, нерӯманд гардидани пояҳои давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи заҳмату талошҳои хастанопазир ва самараи бевоситаи меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад.
Дар идома, Ориф Амирзода ва Руқия Атоевна вобаста ба муҳиммият ва манзалати Истиқлоли давлатӣ суханрони намуда, иброз доштанд, ки бояд ҳар як фарди тоҷик аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона намояд ва бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бо нархи ҷони худ қимматтарин ганҷинаи ноёби миллат - Истиқлоли давлатиро пос дошта, баҳри якпорчагии ватани маҳбуб, пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва муқаддасоти давлатӣ талош созад.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби ҳаваскорони муассиса ва санъаткорони мумтози ноҳия баҳри болидаруҳии ҳозирин чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ пешкаши ҳамагон гардид.