ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ГАНҶИНАИ МЕРОС”

 17.09.2025

ИШТИРОКИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ГАНҶИНАИ МЕРОС”
 
Дар асоси “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ва бо мақсади иҷрои банди 20-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврали соли 2025, №78 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои ҳуранҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2025”, ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, либоси зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги миллати тоҷик санаи 17 сентябри соли 2025 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони “Ганҷинаи Мерос” баргузор гардид.
 
Дар фестивали мазкур муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., мудири бахши кор бо занон Норқулова Г.Р. ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо либосҳои миллӣ ҳузур ёфта, ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ба рӯйхат