САЙРИ МАЪРИФАТРО АЗ КИТОБХОНА ОҒОЗ НАМО!
Санаи 17 сентябри соли 2025 бо ташаббуси садорати факултети механикӣ ва технологӣ дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ҷиҳати аъзо намудани донишҷӯёни курсҳои якум дар маъракаи обунашавӣ ба Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “сайри маърифатро аз китобхона оғоз намо” бо роҳбарии муовини декан оид ба тарбияи факултет Саидзода Б.С. фаъолона ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин маъракаи ҷамъиятӣ, омода намудани ҷавонони суханвару сухандон, эҳёи суннатҳои неки аҷдодӣ, оммавигардонӣ ва тарғиби китобу китобхонӣ як зумра озмунҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” , ки аллакай соли шашум баргузор мегардад, дар татбиқи ин ҳадафи роҳбарияти мамлакат нақши босазо гузоштааст.
Обуна шудан ба китобхона яке аз роҳҳои беҳтарин барои васеъ кардани донишу ҷаҳонбинӣ мебошад. Бо обуна шудан, шахс метавонад аз хазинаи бойи китобхона истифода барад, ки дар он китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва дигар маводи илмиву бадеӣ ҷой доранд.