ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ХОБГОҲ

 19.09.2025

ЗИСТИ ШОИСТА — ТАҲСИЛИ БОСИФАТ: ВОХӮРИИ НАВБАТИИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ БО СОКИНОНИ ХОБГОҲ

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷиистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар асоси нақша – чорабиниҳо, ҷиҳати ташкил ва баргузории силсилавохӯриҳо дар хобгоҳҳои муассиса бо иштироки раёсат ва кормандону омӯзгорони донишгоҳ, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, этикаи шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ ва таҳкими ҳамкории судманд миёни Донишгоҳ дар хобгоҳи №8-и муассиса санаи 16 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии судманде бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., муовини декан оид ба тарбияи факултети механикӣ ва технологӣ Саидзода Б.С., муовини декан ои ба тарбияи факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ҳифзи иттилоот Каримов С.М ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, таҳти унвони “Зисти шоиста – таҳсили босифат” баргузор гардид.
 
Зимни вохӯрӣ, намояндагон ва масъулин аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ошхонаҳо, роҳраву долонҳо, шароити зисти донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматкунанда дидан намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҳар як ҷавони худогоҳу хештаншинос бояд ба қадри ин заҳматҳову талошҳо, неъмату фаровонӣ ва ободиву хуррамӣ расида, барои боз ҳам сарсабзу зебо гардонидани як гушаи диёр саҳми арзанда ва назаррас гузошта бошад.

Ба рӯйхат