ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 25.09.2025

ИШТИРОКИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ МИЛИИ ТОҶИКИСТОН, ҶИҲАТИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат гузаронида мешавад.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» соли дуюм аст, ки бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.


Ба рӯйхат