Маврид ба зикр аст, ки устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо шавқу рағбати баланд иштирок мекунанд. Даври шаҳрии Озмун, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо ширкати фаъолонаи довталабон баргузор гардид. Дар ин марҳила, аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ 5 нафар омӯзгор, 1 нафар докторанти PhD, 15 нафар донишҷӯ ва 12 нафар хонандаи Литсеи техникии назди Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Боиси ифтихор аст, ки 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд ва ба даври ниҳоии Озмуни мазкур роҳхат пайдо намуда, ғолибон бо Диплом, ҷом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
ОМӮЗГОРОН
1. САИДОВ ШАМСУДДИНҶОН СУЛАЙМОНОВИЧ – докторанти PhD факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи I аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
2. ШАРИФОВ НУРАЛӢ ШАРОФУДИНОВИЧ – омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
3. АШУРЗОДА БАҲРОМ ХАЙРИДДИН – омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
4. КАРИМОВ АБДУЛАЗИЗ АБДУЛХАКИМОВИЧ – омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
5. САИД ПАРВИЗ САИДҒУФРОН – омӯзгори факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
ДОНИШҶӮЁН
6. АВЕЗОВ АБДУЛАЗИЗ ИЛҲОМОВИЧ – донишҷӯи курси 4-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
7. ШАҲЗОДИ АБУБАКР – донишҷӯи курси 3-уми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”.
8. АБДУЛЛОЗОДА ҲАСАН САЪДУЛЛО – донишҷӯи курси 2-уми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
9. БОБОҶОНОВ ДАВЛАТҶОН ИХТИЁРОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети энергетикӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
10. РАҲИМОВ МАЪРУФҶОН АБДУРАУФОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи маълумот, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”.
11. ЛОИҚОВ АҲЛИДИН ОРЗУЕВИЧ – донишҷӯи курси 2-уми факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “Математика”.
12. ИСМОИЛОВ СОРБОН МУСТАФОЕВИЧ – донишҷӯи курси 1-уми факултети сохтмон ва меъморӣ, ғолиби ҷойи II аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”.
13. ИСКАНДАРОВ МУҲАММАД ФАРҲОДОВИЧ – донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисоди соҳаҳо ва идора, ғолиби ҷойи III аз рӯи номинатсияи “География”.
Ҳамзамон, Раёсати донишгоҳ барои саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.