МАВЛОНО — НИДОИ ИШҚ ВА МАЪРИФАТ

 01.10.2025

МАВЛОНО — НИДОИ ИШҚ ВА МАЪРИФАТ

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси китобхонаи рақамӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамоҳангӣ бо факултети механикӣ ва технологӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “ Мавлоно — нидои ишқ ва маърифат” бо иштироки Директори китобхонаи рақамӣ Сатторова М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., муовини декан оид ба тарбияи факултети механикӣ ва технологӣ Саидзода Б.С., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Саидов Б., китобдори китобхонаи рақамӣ Мастибекова Ф ва донишҷӯёни курсҳои якум баргузор гардид.
 
Мавлуда Сатторова маҳфили илмӣ – адабиро ифттитоҳ намуда, қайд намуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз чеҳраҳои намоёни тамаддуни башар буда, осори ӯ, махсусан, “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс” то ба имрӯз барои бисёре аз инсонҳо дар саросари ҷаҳон манбаи илҳом гардидаанд. Ибрози андеша карда шуд, ки 30 сентябр Рӯзи бузургдошти Мавлоно дар тамоми ҷаҳон аст ва бори аввал бо қарори Юнеско дар соли 2007 таҷлил гардидааст.
 

24 майи соли 2023 бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Пешбарии “Куллиёти Мавлоно” аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия, Ӯзбекистон муштаракан сурат гирифта, ба баррасии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд, қайд намуд директори китобхона.

Инчунин дар идома маърузачиён вобаста ба осори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маърузаҳои пурмуҳтаво, ҳикояҳои ҷолиб ва ғазалҳои беназир ва беҳамтои Мавлои Румро қироат намуданд.

 
Аз ҷумла зикр гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоир, файласуф, олим ва фақеҳи ислом, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дарбар гирифта, ба забони форсӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.
 
Эҷодиёти адабию фалсафии Мавлоно барои омӯзиши таъриху фарҳанги Машриқзамин аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он мақолаву ҳикматҳо, маҷмӯи адабиёти ибратбахш, мисолҳо аз рӯзгори анбиёву мардумон бо таҷассуми орифонаю ошиқона гирд оварда шудаанд.

Ба рӯйхат