АЗ БАЛХ ТО ҶАҲОН: ПАЁМИ ИШҚУ ҲИКМАТ
Таҳти чунин унвон бо ташаббуси кафедари забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 30 сентябри соли равон маҳфилӣ илмӣ – адабӣ ба муносибати Рӯзи бузургдошти Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф., дотсент Қосимзода М.Қ., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.т., Шарофзода Э.У, дотсенти кафедраи забонҳо н.и.ф. Ҳикматов Ҷ.Ҳ ва донишҷӯёни курсҳои якуми факултети энергетикӣ баргузор гардид.
Бунафша Аҳмадзода маҳфили илмӣ – адабиро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки агар мо ба таърих назар андозем, мебинем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он то кадом андоза заҳмат кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд. Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Яке аз ин бузургони давр, ки саҳми худро дар рушду маънавиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидааст маҳз Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Момагул Қосимзода вобаста ба масъалаи Мавлоно таранумгари ақидаҳои ватандӯстона маърузахонӣ намуда, таъкид дошт, ки яке аз паҳлӯҳои асосии ашъори Ҷалолиддини Румиро масъалаҳои инсондӯстӣ ва ахлоқи сиёсӣ ташкил менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи башарият ҳеҷ олиме андешаҳои инсонгароӣ, ахлоқи сиёсӣ ва маънавии фардро ба чунин зебогиву равшанбаёнӣ ва рангорангӣ маънидод накардааст.
Дар идома Ҳикматов Ҷумабой ва Шарофзода Эраҷ роҷеъ ба ақидаҳои ирфонии шоир ва хусусияти панду ахлоқи доштани осори ӯ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки тибқи таълимот ва ақоиди мутафаккир ташаккули маънавиёту ахлоқи инсон аз ташаккули андешаҳои динию мазҳабӣ оғоз меёбанд ва ин масъала барои инсонҳо мавзӯи баҳсҳои зиёду шадид қарор мегиранд. Асосан Ҷалолиддин Румӣ ақидаҳои ирфонии худро ҷиҳати баррасии мавзӯъҳои ахлоқию маънавӣ дар эҷодиёташ бо омехтагии мавзӯъҳо ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд ва бештар маҳз дар маъноҳои иҷтимоӣ баён мегарданд.
Дар интиҳо донишҷӯён аз осори безаволи шоир ғазалҳо қироат намуда, табъи зозиринро болида намуданд.