ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ!
Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Эъломияи Сиан» - санади ниҳоии Саммити нахустини сарони давлатҳои чорчӯбаи «Осиёи Марказӣ – Чин» (Пекин, Сиан, 17-19 майи соли 2023), инчунин бо мақсади мусоидат дар татбиқи лоиҳаи «Роҳи фарҳангии абрешим» ва рушди ҳамкориҳои «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Коргоҳи Лубан», 27 октябри соли ҷорӣ роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон бо ҳайати Донишгоҳи технологии Сиан мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, як қатор самтҳои муҳими ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, суҳбатҳо атрофи роҳандозии ҳамкории дарозмуддат байни ду донишгоҳ, табодули таҷриба дар самтҳои афзалиятноки рушд ва барномаҳои таълимӣ, ҳамкории муштарак дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён, таҳқиқоти илмии муштарак, такмили ихтисоси устодон ва баргузории семинару ҳамоишҳои илмӣ сурат гирифтанд.
Дар натиҷаи мулоқоти судманд, бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимии минбаъда байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Сиан, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум (MoU)-ро ба имзо расониданд.
Мулоқот дар фазои созанда ва бо руҳияи ҳамкории дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо умедворӣ изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик қадамҳои мушаххас барои татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нав амалӣ хоҳанд гардид.