ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН: НУР АЗ ИҶЛОСИЯ – ВАҲДАТ АЗ ПЕШВО
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба муносибати Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромӣ доштани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “Нур аз Иҷлосия - Ваҳдат аз Пешво” бо иштироки собиқадори меҳнат, ходими шинохтаи кишвар, иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Рафиқа Мусоева, муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Маҷидзода Т.М., директори "Маркази илмӣ - тадқиқотии Пешвои миллат" дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолуддин Шарифзода, муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., раёсати донишгоҳ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Тоҳир Маҷидзода бо суханони табрикотӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмонони арҷмандро ба маҳзани илму техника хайрамақдам намуд. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳамасола, рӯзи 16 ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Қайд гардид, ки мо бояд донем, дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем. Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар идома Рафиқа Мусоева ва Ҷамолуддин Шарифзода зимни суханронӣ ибрози назар намуданд, ки дар охири асри ХХ пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистонро ғаму андўҳ, ҳаракатҳои миллӣ ва хавфи аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷикон фаро гирифта, мардум дилшикаставу парешонхотир гашта буданд. Бераҳмиву бетартибӣ, ҷаҳолату нодонӣ, садои тиру туфанг дар фазои кишвар ба дили мардум тухми ноумедӣ мекошт. Мардум аз ҳаёти осоишта маҳрум гашта, ҷон ба каф гирифта, тарки Ватан менамуданд. Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ лаҳзаҳои душвортаринро аз сар мегузаронид.
Дар чунин шароити Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар қасри “Арбоб”-и Хуҷанд баргузор гашта, фаъолияташро аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфт.
Маҳз Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшон ва тараққиёти халқи тоҷикро муайян намуд. Дар ин Иҷлосия масъалаи асосии кишвар ҳал гардид, ки он интихоби Сарвари давлат буд, то кишварро аз вартаи фисқу фасод ва нобасомониҳо раҳо намояд. Хушбахтона, дар Иҷлосия аз ҷониби вакилони халқ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сарварӣ пазируфта шуд. Барои таъмини ниятҳои мардум дар кишвар барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани хешро ифода кард ва доимо таъкид менамуд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерӯҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурӯъ накунем, кӯмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем»