МО – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!
Китобхонаи рақамии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб ташкил намуд, ки дар намоиши мазкур китобҳои Пешвои миллат ва китобҳо бахшида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта буданд.
Омӯзиши шахсияти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли ҷавон ҳамчун намунаи раҳбари хирадманд ва инсони фидоӣ аҳамияти бузурги маънавию сиёсӣ дорад. Зеро, ки аз рӯзҳои ҷавонӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату меҳнати пок, ва масъулиятшиносиву дили софи хеш дар байни мардум маъруф гардида буд. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябр соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Бояд қайд намуд, ки ташаккули давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ бо заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва президенти мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.