ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ АҲМАДЗОДА БУНАФША САЙМУЗАФАР
17 ноябри соли 2025 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-077-и назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ҳимояи рисолаи доктории муовини ректор оид ба тарбия, дотсенти кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Аҳмадзода Бунафша Саймузафар доир гардид.
Аҳмадзода Бунафша Саймузафар рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Асосҳои консептуалии ташаккули салоҳияти муоширати байнифарҳангии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи техникӣ” таҳти мушовирии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Каримова Ирина Холовна омода намудааст.
Зимни ҳимояи рисолаи доктории худ Бунафша Аҳмадзода оид ба мубрамияти мавзӯи таҳқиқотии худ қайд намуд, ки аз охири асри ХХ аксари кишварҳои ҷаҳон ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид шудаанд. Имрӯз ин раванд босуръат рушд карда, қариб дар ҳама намудҳои фаъолият зоҳир мешавад. Миқиёс ва шумораи корхонаҳое, ки дар онҳо шарикони байналмилалӣ иштирок мекунанд, хеле афзуд, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва варзишӣ густариш меёбанд. Одамон бештар аз забони ягона (асосан англисӣ) истифода мебаранд. Бо рушди шабакаи ҷаҳонии интернет фазои маҷозӣ дар ҳаёти шаҳрвандони тамоми кишварҳо аҳамияти калон пайдо карда, дар натиҷа, аҳамияти забони англисӣ якчанд маротиба афзудааст.
Барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи асри ХХI, ба низоми маориф тағйирот ворид кардан лозим аст, то ки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳамкории байнифарҳангӣ омода бошанд. Омодасозии чунин мутахассисон имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти салоҳияти байнифарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи касбӣ афзоиш ёфтааст. Аз охири асри ХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин самт қисми таълими муассисаҳои таҳсилоти олӣ гардида, аз ҷумла дар кафедраҳои “Тахассуси техникӣ, муҳандисӣ” фаъолона амалӣ карда мешавад.
Ҳимояи рисолаи доктории Аҳмадзода Бунафша Саймузафар дар сатҳи баланд доир гашта, дар рафти он олимону муҳаққиқон, аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ ва докторону номзадони илм ширкат намуданд.
Аъзоёни Шурои диссертатсионӣ зимни баромадҳои худ рисолаи доктории Бунафша Аҳмадзодаро дар рушди педагогикаи кишвар, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи техникӣ дастоварди беназири илмӣ маънидод намуда, навовариҳои илмиро қобили қабул арзбӣ намуданд.
РАЁСАТ, ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ АҲМАДЗОДА БУНАФША САЙМУЗАФАРРО БА ИН ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ИЛМӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ТАҲНИЯТ ГУФТА, ДАР КОРҲОИ МИНБАЪДАИ ИЛМИВУ ЭҶОДИАШ ПЕШРАВИЮ МУВАФФАҚИЯТҲОИ ПАЙВАСТА ТАМАННО МЕНАМОЯНД.