ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 19.11.2025

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромӣ доштани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Нур аз Иҷлосия - Ваҳдат аз Пешво” иборат аз сурудҳои тараннуми ватандӯстӣ, ваҳдату якдилӣ ва таронаҳои дилангез бо иштироки ҳаваскорони ансамбли “Муҳандиси ҷавон”-и донишгоҳ ва сарояндагони маҳбуби кишвар баргузор гардид.
Меҳмонони чорабинӣ бо як руҳияи идона, шодиву фараҳ ва самимият Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ин рӯзи муборакро ба ҷамъи ҳамватанон, кормандон, омӯзгорон ва магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ шодбош гуфта, ба Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва сиҳҳатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон суботу амнияти пойдор ва рушду тараққии устуворро дар партави сиёсати хиарадмандонаи пешвои муаззами миллат таманно менамоем.

Ба рӯйхат