ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА ОИД БА ФУТБОЛ

 19.11.2025

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДТТ ДАР ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА ОИД БА ФУТБОЛ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе аз санаи 10 то 14 ноябр барои дарёфти “Ҷоми Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ин сабқати варзишӣ донишгоҳро як гурӯҳ донишҷӯдухтарони чолоку варзишгар бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон Норкулова Г.Р ва намояндаи кафедраи тарбияи ҷисмонии муассиса муаррифӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи сохтору идораҳои давлатӣ, хоса роҳбарияти олии кишвар ба насли ояндасозу умедбахш махсусан ҷавонон равона гардида, ин қишри ҷомеасозро дар ҳама соҳаҳои гунонгуни ҷамъиятӣ дастгирӣ намуда истодаанд.
Ҳадафи баргузории мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни донишҷӯдухтарон ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани омодагии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар ин замина равнақ додани дӯстии байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.

Ба рӯйхат