ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ АЗ НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ ВА ШОҲМОТ
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба муносибати Рӯз Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди тенниси рӯи миз ва шоҳмот миёни донишҷӯёни донишгоҳ оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин сабқатҳои варзишиву зеҳнӣ ин оммавигардонии варзиш миёни донишҷӯён буда, дар ин росто тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани омодагии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар ин замина равнақ додани дӯстии миёни донишҷӯёни донишгоҳ ба шумор меравад.
Таъкид гашт, ки ғолибон дар арафаи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медал, диплом ва туҳафаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.