Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Вазиров Н.Ш., раиси иттифоқи касабаи кормандон Аминов Ш.,намояндаи Иттифоқи касбаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Б.М., декани факултети механикӣ ва технологӣ Исмонзода Р.Д., муовини декан оид ба тарбия Саидзода Б.С., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч, мудирони хобгоҳҳои донишгоҳ ва ғолибони ҳар марҳилаҳо аз хобгоҳҳо ҳузур доштанд.
Чорабиниро Шамсулло Аминов бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин бозиҳои зеҳнӣ ва фикрӣ ба рӯҳияи ҷавонон як такони илмие бахшида, ба дилхоҳ нафар барои тақвияти хотира, инкишофи фикронӣ ва таҳлил, зиёд намудани эътимод ба худ, кам кардани стресс ва мутамарказ намудани фикр ва рушди худидоракунӣ таъсири мусбӣ мерасонад.
Ҳамзамон таъкид гашт, ки Шоҳмот на танҳо як бозии шавқовари зеҳнӣ аст, балки тамрин барои мағз ва рӯҳияи инсон мебошад. Он барои мутамарказ намудани хотира, сабр, назорати эҳсосот ва кам кардани стресс нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ шоҳмотро на танҳо варзиш, балки як навъи терапияи рӯҳӣ низ меноманд. Шоҳмот бозии зеҳнии стратегии дунафарист, ки дар тахтаи 64-қатрагӣ бо 16 хоначаҳои сафед ва 16 хоначаҳои сиёҳ иҷро мешавад. Ҳар як бозингар 16 ҳуҷра дорад, ки ҳадафи ӯ мот кардани подшоҳи рақиб аст.
Шоҳмот яке аз қадимтарин бозиҳои зеҳнии ҷаҳонӣ буда, омезиши стратегия, тактика, услуб, ҳисоб ва равоншиносӣ мебошад.
Дар идома ғолибони ҳар марҳила таввасути қурапартоӣ бо ҳам сабқат намуда, дар интиҳо ғолибони асосӣ муайян ва бо диплому туҳафаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба истиқоматкунандагони хобгоҳ ба муносибати ду ҷашни бузург Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хони идона ташкил карда шуд.