ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ЯГОНАГӢ ВА ЯКПОРЧАГӢ
Таҳти чунин унвон дар факултети механикӣ ва техонологӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки декани факултет Исмонзода Р.Д., раиси Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯён Аминов Ш., мудири бахши кор бо занон Норкулова Г.Р., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч, муовини декан оид ба тарбия Саидзода Б ва донишҷӯёни курсҳои аавал баргузор гардид.
Рустам Исмонзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ буда, асоси муқаддасоти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум намуда, ҳамчун ифодагари рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ, сулҳу ороми, дӯстию рафоқат, садокату муҳаббат ва муаррифгари давлату миллат мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандони кишварро ба зиндагии ором, осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафаи миллатдорӣ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Дар идома Шамсулло Аминов, Чилахон Бадарғаев, Баҳриддин Саидзода ва донишҷӯён маърузаҳои пурмуҳтавои хешро вобаста ба парчами давлатӣ ироа намудан.
Таъкид гашт, ки барои ҳар як давлати мустақил, Парчам, Нишон ва Суруди миллию асъори миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат ба ҳисоб меравад. Дар асл, Парчами давлатӣ дар фаъолияти давлатдорӣ гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ба ору номуси миллат мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Парафшонии парчам ифтихори миллии ҳар як фарди бо нангу номус ва соҳибватан мебошад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистони азиз аст.
Дар интиҳои чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъол ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳои омоданмудаи Иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён тақдим карда шуд.