ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ
Дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати Донишгҳи техникии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои илмӣ – маърифатӣ ва сиёсӣ – фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ташаббуси факултети энергетикӣ дар ҳамоҳангӣ бо раёсати тарбия семинари илмӣ таҳти унвони “Парчами давлатӣ рамзи ҳувият ва асолати миллӣ” бо иштироки декани факултет Юсуфзода М.Ю., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофзода Э.У., мудири бахши кор бо занон Норкулова Г.Р., муовини декан оид ба тарбияи факултети энрегетикӣ Ҳакимов Д, сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯёни курсҳои аввал баргузор гардид.
Манучеҳр Юсуфзода зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба ин ҷашни муқаддас 33 солагии Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.
Дар идома Эраҷ Шарофзода ва Гуландом Норкулова маърузаҳои пурмуҳтавои хешро ироа намуда, ба донишҷӯён маводҳои зарурӣ ва даркорӣ пешниҳод намуданд.
Таъкид гашт, ки Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 33-сол қабл дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст. Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон ва Тоҷикистониён аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.
Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул гардидааст ва Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш вобаста ба ин муқаддасоти миллӣ чунин таъкид карданд: «Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад».