РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР САФИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ МИЁНИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 0119-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон, шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозону афсарон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар–Ватан, Рӯзи дарҳои кушод ва саёҳати донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбии 0119-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмати Модар–Ватанро аз дилу ҷон мекунем” бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати тарбия Асоев К.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., муовини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора Убайдзода Қ баргузор гардид.
Зимни боздид донишҷӯён аз нуқтаҳои муҳими қисми низомӣ дидан намуда, ба худ руҳияи дигаре зам намуданд. Пас аз сайри қисми низомӣ бо иштирокдорон дар бобати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои мамнуъ суҳбати судманде оростанд.
Баъди анҷоми мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги донишгоҳ бахусус дастаи ҳаваскорони ансамбли “Муҳандисони ҷавон” чорабинии фарҳангӣ–фароғатӣ пешкаши сарбозону афсарон ва ҳозирин гардид.