ИШТИРОКИ ДАСТАҶАМЪОНАИ РОҲБАРИЯТ, РАЁСАТ, КОРМАНДОН, ОМӮЗГОРОН, МАГИСТРАНТОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ба муносибати 33 солагии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе субҳи 24 ноябри соли равон Роҳпаймоии дастаҷамъона бо иштироки сохтору идораҳои давлатӣ, муассисаҳои олии касбӣ, миёна ва миёна махсус дар маҷмаи "Майдони истиқлол" доир гардид.
Дар ин роҳпаймоӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ҳайати 500 нафараи кормандону омӯзгорон, магистрантону донишҷӯён бо 450 адад парчам ва шиору овезаҳои ҷашнӣ муаррифӣ намуданд.
Роҳпаймоӣ аз маҷмаи "Майдони истиқлол" оғоз гардида то ба майдони Боғи парчам сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ устодону кормандон, донишҷӯёни фаъол, хонандагони Литсейи техникии назди Донишгоҳ, иштирок намуда, бо бардоштани Парчам эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.