КОНФЕРЕНСИЯИ II-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 04.12.2025

КОНФЕРЕНСИЯИ II-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР ШАРОИТИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР» БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ ВА 20-СОЛАГИИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ

 
Бо ташаббуси кафедраи металургияи факултети технологияи химиявӣ ва металургӣ ба муносибати эълон гардидани 20 – солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф санаҳои 27 -28 ноябри соли равон конференсияи ҷумҳурявӣ бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.
Қисмати пленарӣ бо иштироки Абдуллозода Р.Т. - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Ҳакимов А.Ҳ - н.и.х., дотсент декани факултети “Технологияи химиявӣ ва металлургия, мудири кафедраи “Металлургия”-и, факултети “ТХваМ” ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, н.и.х., дотсент Раҳимов Ф.Қ., аъзо-корреспонденти АМИТ профессори кафедраи “ХУваҒ”- и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, д.и.х, прфессор Бадалов А.Б., академики АМБ, профессори кафедраи “Металлургия”-и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, д.и.х., профессор Джураев Т.Д., дотсенти кафедраи “Металлургия”-и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, н.и.х., дотсент Муслимов И.Ш. ва Маърӯзаи магистранти курси 1-уми кафедраи металлургия “Таъсири мутақобилаи руҳ бо элементҳои гурӯҳи IБ-IVБ ҷадвали даврии Д.И. Менделеев” Назришозода Д.С. баргузор гардид.
Кори конфронсро Рамазон Абдуллозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Металлургия — асос ва таҳкурсии саноати ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Аз инкишофи соҳаи металлургӣ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ — саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохтмон вобаста мебошад. Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга.
Таъкид гашт, ки тибқи арзёбии мутахассисон, имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 40 намуди маъдан истихроҷ мешавад. Наздики 100 макони захираҳои табиӣ дар ҳоли истифодаанд. Дар ҳамин ҳол беш аз 600 кони металл ва филизоти нодир, ки қисман барои азхудкунӣ дар саноат омода гардидаанд, кашф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар мамлакат конҳои маъдани оҳан муайян шудаанд, ки барои таъсиси корхонаҳои маъдангудозӣ имконият медиҳанд. Масалан, кони маъдани оҳани Шоҳқадамбулоқ захираи зиёд (аз рӯи категорияи саноатӣ бештар аз 60 миллион тонна) ва мавқеи мувофиқи иқтисодию географӣ дошта, на чандон дуртар аз шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Тадқиқҳо нишон доданд, ки дар сурати сохтмони корхона дар базаи кони мазкур, метавон бе истифода аз кокс истеҳсоли металлро ба роҳ монд.
Дар идома маърузачиён дар мавзӯҳои мубрами соҳаи металургия маърузаҳо ва мақолаҳои пурмуҳтавои хешро ироа намуданд. Аз ҷумла:
• Маърӯзаи мудири кафедраи “Металлургия”-и, факултети “ТХваМ” ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, н.и.х., дотсент Раҳимов Ф.Қ. “Таърих ва рушди кафедраи металлургия”;
• Маърӯзаи аъзо-корреспонденти АМИТ профессори кафедраи “ХУваҒ”- и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, д.и.х, прфессор Бадалов А.Б. “Ташхиси системавии хосиятҳои термикӣ ва термодинамикии якчанд пайвастагиҳои f-элементҳо ”;
• Маърӯзаи академики АМБ, профессори кафедраи “Металлургия”-и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, д.и.х., профессор Джураев Т.Д. “Сохтани модели 3D-и T-x-y диаграммаи системаи сеҷузъаи Ge-Ag-Tl”;
• Маърӯзаи дотсенти кафедраи “Металлургия”-и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, н.и.х., дотсент Муслимов И.Ш. “Устоди хақиқӣ”;
• Маърӯзаи магистранти курси 1-уми кафедраи металлургия “Таъсири мутақобилаи руҳ бо элементҳои гурӯҳи IБ-IVБ ҷадвали даврии Д.И. Менделеев” Назришозода Д.С.

Ба рӯйхат