БЕҲТАРИН ТАШКИЛОТИ ҲИЗБӢ

 04.12.2025

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МУҲАНДИС"-И ДТТ ТАШКИЛОТИ БЕҲТАРИН ДАР СОЛИ 2025

Санаи 27 ноябри соли 2025 дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Ҳамоиши тантанавии ҳизбиёни пойтахт бахшида ба «Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳти унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаву корхонаҳо, бонкҳои давлатӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок намуданд.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Ташкилоти ибтидоии "Муҳандис"-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун ташкилоти беҳтарин пазируфта шуд.

Ба рӯйхат