ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки ҲИКМАТОВ ҶУМАБОЙ ҲАКИМОВИЧ – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳо, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуда, миёни иштирокчиёни бахши “адабиёти классикии тоҷик” – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳо, намояндагони фарҳангу санъат, аҳли эҷод ва дигар касбу кори гуногун сазовори ҷойи сеюм гардид.
Раёсат ва ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барандаи ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро ҷиҳати сазовор гардидан ба чунин дастовард табрику муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаи илмиву эъҷодӣ барору комёбиҳои назаррасро таманно менамояд.