ГУСЕЛИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 05.04.2026

ШАРАФ БА ГУРДОНИ САФШИКАН!

ГУСЕЛИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи имрӯз, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ марҳилаи аввали маросими гусели зиёда 100 нафар хатмкунандагони донишгоҳ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар Ватан мераванд, баргузор гардид.
 
Дар чорабинии мазкур Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон профессор Давлатзода Қ.Қ., намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шрҳмансур, намояндаи комисиарати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур, муовинони ректор, устодону кормандон, хатмкунандагони ихтиёрӣ ва волидони онҳо иштирок намуданд.
 
Дар аснои боздид бо хатмкунандагон Ректори муассиса Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандорӣ ва номуси миллӣ ба шумор рафта, тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳатмии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин росто ҷавонони соҳибдилу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллатро зарур аст, ки дар ҳифзи амнияту осоиштагӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша дар сафи пеши қарор дошта бошанд.
 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соли шашум аст, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иддае, ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан мераванд ва қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо менамоянд. Ба ин гуна ашхос аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ дар раванди таълим, имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳатто пас аз адои хизмат имтиёз ва сабукиҳо дода мешавад.
 
658670907_1578142464314547_350741323896920602_n658839158_1578144007647726_1521045269613541555_n658539674_1578145530980907_6016244948824151585_n658387344_1578144174314376_2159243450183763120_n658153794_1578146290980831_3947589154849770538_n658134035_1578143864314407_4730035437987365997_n660103870_1578148017647325_4380403524210753294_n
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат