САЛОМАТ БОШ, ҶАВОН БОШ, МУВАФФАҚ БОШ!

 10.04.2026

САЛОМАТ БОШ, ҶАВОН БОШ, МУВАФФАҚ БОШ!

Таҳти чунин унвон дар доираи “ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” санаи 8 апрели соли равон вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва нақша – чорабиниҳои раёсати корҳои тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамоиши илмӣ бо иштироки Худойқулова Дилафрӯз мудири шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва берунии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев К.М. сардори раёсати корҳои тарбия, Бобозода Ш.А. мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Раҷабзода Г.Р. мудири бахши кор бо занон ва донишҷӯёни факултетҳои энергетикӣ, механикӣ ва технологӣ ва технологияи химиявӣ ва металургия баргузор гардид.
 
Чорабиниро Комрон Асоев ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳифзи саломатии ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳифзи саломатӣ миёни ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи ҳар як миллат буда, сатҳи саломатии онҳо ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъсири мустақим мерасонад. Агар ҷавонон солим бошанд, метавонанд дар таҳсил, кор ва фаъолияти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд ва ба пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
 
Дар идома Дилафрӯз Худойқулова вобаста ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ба таври мукамал ва мушаххас суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳифзи саломатӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар як инсон ба хусус ҷавонон мебошад. Саломатӣ на танҳо набудани беморӣ, балки ҳолати хуби ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоиро дар бар
Зимни суханронӣ иброз дошт, ки тарзи ҳаёти солим дар ҳаёти рӯзмараи ҷавонон нақши боризмебозад. Ин маънои онро дорад, ки инсон бояд ғизои дуруст истеъмол кунад, машқҳои ҷисмонӣ анҷом диҳад ва аз одатҳои бад, ба мисли тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот, худдорӣ намояд. Ғизои мутавозин, ки дорои витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ мебошад, ба мустаҳкам шудани иммунитет ва пешгирии бисёр бемориҳо мусоидат мекунад. Фаъолияти ҷисмонӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ хеле муҳим аст. Машқҳои мунтазам, ба мисли роҳгардӣ, давидан ё варзиш, кори дил ва шушро беҳтар карда, қувваи баданро зиёд мекунанд. Инчунин, онҳо ба кам шудани стресс ва беҳтар шудани ҳолати рӯҳӣ кӯмак мерасонанд.
 
Қайд гардид, ки гигиенаи шахсӣ ва муҳити зист низ таъсири калон доранд. Шустани дастон, тозагии бадан ва нигоҳ доштани муҳити зисти тоза аз паҳншавии бемориҳо пешгирӣ мекунад. Ҳамчунин, истироҳати кофӣ ва хоби солим барои барқароршавии қувваи организм зарур аст.
 
Ҳамзамон назорати тиббӣ ва муоинаҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки бемориҳо дар марҳилаҳои аввал муайян ва табобат карда шаванд. Беҳтар аст, ки инсон пешгириро аз табобат болотар донад.
 
Хулоса, ҳифзи саломатӣ масъулияти шахсии ҳар як инсон аст. Бо риояи қоидаҳои одии тарзи ҳаёти солим, метавонем на танҳо умри худро дароз кунем, балки сифати зиндагии худро низ беҳтар созем.
 
Дар қисмати интиҳоӣ миёни донишҷӯён суоли ҷавоб атрофи ҳифзи саломатӣ ва роҳҳои пешгирии он баргузор гардид, ки донишҷӯён ба худ маълумотҳои муфид ва саривақтиро аз ҷониби мутахассисони соҳа гирифтанд.
 
мегирад. Барои зиндагии хушбахтона ва пур668152846_1584615467000580_652570409008008738_n667249234_1584615880333872_6893682505488660015_n668064009_1584620793666714_4067851668942290289_n667830742_1584617190333741_1685956310999829219_n668575653_1584615863667207_4456027085785489298_n669099170_1584617110333749_8434128300738113617_n668829037_1584617193667074_8272613962362545349_nмазмун, инсон бояд ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад.
 
Ба рӯйхат