БАРГУЗОРИИ САММИТИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ “САБЗ” ДАР ДУШАНБЕ
15 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе - Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Саммити ректорони донишгоҳҳои “Сабз” бо иштироки беш аз 150 нафар ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин профессорон ва олимони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Саммит бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз ёфт. Мавсуф зимни баромади худ таъкид намуд, ки масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи технологияҳои “сабз” дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маориф ба ҳисоб мераванд.
Зикр гардид, ки донишгоҳҳо метавонанд ҳамчун марказҳои тавлиди дониш ва навовариҳо дар татбиқи иқтисоди “сабз” нақши калидӣ бозанд.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, муовини якуми Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Довуд, роҳбари минтақавии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Ко Сакамото, роҳбари UI GreenMetric-и Донишгоҳи Индонезия доктор Вишну Ҷувоно, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини раиси UI GreenMetric доктор Абелия Ангги Вардани, ректори Донишгоҳи байналмилалии Деффодили Бангладеш, ректори Донишгоҳи NED -и Қарочии Ҷумҳурии исломии Покистон доктор Муҳаммад Туфайл, ректори Донишгоҳи Қайсерии Туркия доктор Куртулуш Карамустафа, ректори Донишгоҳи Holy Angel- и Филиппин доктор Леопалдо Ҳайме Н. Валдес, муовини ректор оид ба инфрасохтор ва иншооти Донишгоҳи Индонезия доктор Огус Сетияван, муовини ректор оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ ва илмии Донишгоҳи Мустақбали Арабистони Саудӣ ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар баромад намуданд.
Зимни суханрониҳо иштирокдорон ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ташкили чунин ҳамоиши сатҳи баланд изҳори сипос намуда, баргузории саммити мазкурро заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар самти рушди устувор ва технологияҳои “сабз” арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки густариши шабакаи донишгоҳҳои “сабз”, ворид намудани стандартҳои байналмилалии экологӣ ба раванди таълим ва идоракунӣ, инчунин рушди инфрасохтори устувор метавонад дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист нақши муҳим дошта бошад.
Дар фарҷоми саммит иштирокчиён омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди устувор иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои дигар дар доираи Форуми байналмилалӣ таҳти унвони "Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд." идома доранд.