ҒОЛИБИЯТИ УНВОНҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТЕХИНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 23.04.2026

ҒОЛИБИЯТИ УНВОНҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТЕХИНИКИИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН

Ба камоли хушҳолӣ ва шарафмандӣ хабар медиҳем, ки дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе унвонҷӯи факултети технологияи химиявӣ ва металлургияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Шоҳин Баҳриддинзода дар озмуни шаҳрӣ дар номинатсияи «Илмҳои дақиқ» ғолиб гардида, бо Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарфароз шуд.

Ба чунин мукофот сазовор гардидани ҷавонони боистеъдод дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, нишонаи дастгирии пайвастаи давлат аз ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди илм дар кишвар мебошад.

Раёсат ва иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ олими ҷавон Баҳриддинзода Шоҳин Баҳриддинро бо ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодӣ комёбиҳои нав ба навро таманно менамояд.

ШОҲИН


Ба рӯйхат