ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНУ УНВОНҶӮЁН ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН”

 24.04.2026

#ХУШХАБАР! ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНУ УНВОНҶӮЁН ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН”

Бо изҳори қаноатмандӣ хабар медиҳем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкорони ҷавон” як идда донишҷӯён, унвонҷӯ ва магистранти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар тантанаҳои Рӯзи илми тоҷик, ки бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, пирӯз гардиданд.
 
Ёдовар мешавем, ки даври аввали Озмуни мазкур дар донишгоҳ санаи 21.02.2026 бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён баргузор гардида, ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Даври дуюм бошад дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Ҳамин тариқ дар даври ниҳоии Озмуни Ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" довталабони зерин аз рӯи номинатсияҳои гуногун ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд:
 
1. ХОЛМУРОДЗОДА Шаҳром Шамсуддин – донишҷӯи курси 4, факултети сохтмон ва меъморӣ – ҶОЙИ I аз рӯи бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (экология);
2. РАҲМОНЗОДА Саидмуҳаммад Абдуназар – донишҷӯи курси 4, факултети энергетикӣ – ҶОЙИ I аз рӯи бахши ихтирокорӣ ва навоварӣ;
3. МУРОДЗОДА Зафар Олимҷон – унвонҷӯи факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот – ҶОЙИ I аз рӯи бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ.
4. АБДУЛЛОЗОДА Ҳасан Саъдулло – донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот – ҶОЙИ III аз рӯи бахши фанҳои гуманитарӣ;
 
Ҳамзамон магистранти курси якуми факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора САИДОВА Зебунисо Файзалиевна барои фаъолона ширкат варзидан дар озмуни “Магистранти сол” бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
 
Райёсат ва иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муҳақиққони ҷавонро бо дастовардҳои навбатиашон табрику таҳният намуда, ба эшон музаффариятҳои нав ба навро дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таманно менамоянд.
678223205_1598717755590351_3040014269769019485_n678651365_1598717552257038_2657117841351274457_n681189009_1598717395590387_2239897258469956046_n679098537_1598717795590347_7387585226411959038_n

Ба рӯйхат