РАФТИ ИМТИҲОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагони зинаи бакалаврият оғоз гардид.
Субҳи содиқи 27 апрели соли равон дар факултети энергетикӣ имтиҳони давлатии хатмкунандагони кафедраҳои электротаъминкунӣ ва неругоҳҳои электрикӣ оғоз гардид.
Оғози имтиҳонҳои давлатӣ дар факултети энергетикӣ марҳилаи муҳими ҷамъбасти раванди таълим ба ҳисоб меравад. Ин раванд ба арзёбии сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи энергетика равона гардида, омодагии онҳоро барои фаъолияти касбӣ муайян мекунад.
Имтиҳонҳои давлатӣ ҳамчун шакли назорати ниҳоии дониш, нақши калидӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетика мебозанд.