НУРИ ДУНЁ АЗ ҶАВОНИСТ
Санаи 19 май дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Нури дунё аз ҷавонист” бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, Каримзода Нилуфар – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Розиқзода Дилошуб – сардори раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷума, ҳайати кормандону профессорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи раёсати Донишгоҳ ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ишора гардид, ки раёсати донишгоҳ ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, бо ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ ва илмию сиёсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад. Инчунин зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти нақши ҷавонон дар раванди бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста иқдом мекунад. Дар ин замина, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998, таҳти рақами 628 санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва масъалаҳои марбут ба дастгирии наврасону ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукмати мамлакат қарор дорад ва ин бесабаб нест. Зеро чӣ тавре, ки Сарвари давлат худ борҳо таъкид намудаанд: “Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад”.
Сипас, Дилошуб Розиқзода суханронӣ намуда, ишора кард, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23-юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ – Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Қобили зикри махсус аст, ки тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистони мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар қисмати дигари чорабинӣ, ба як зумра устодону донишҷӯён бо сипосномаҳои омоданамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва сипосномаҳои шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва илмию сиёсии мамлакат, дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, аз ҷониби дастаи ҳаваскорони ансамбли “Муҳандисони ҷавон”-и муаасиса ва сарояндагони маҳбуби кишвар баҳри болидарӯҳии меҳмонон ва иштирокчиён барномаи хубу дилкаши фарҳангӣ – фароғатӣ бо рақсу сурудҳои дилнишин пешниҳод гардид.