Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ

 17.11.2021

Бо ташаббуси хадамоти тарбия ва садорати факултетҳои донишгоҳ рӯзҳои 15-16 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо ташкил ва баргузор гардид.

Санаи 15 ноябр дар толори маркази таълимии инноватсионии факултети сохтмон ва меъморӣ бо ташаббуси садорати факултет ва хадамоти тарбия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Президенти мо – ифтихори мо» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет, муовинони декан, намояндагони шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, рӯзи 15 ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҷамъомад декани факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, декани факултети нақлиёт, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Чорабиниро декани факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ дотсент Ашӯрзода Ашӯр Нурулло ифтитоҳ намуда, вобаста ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Зимнан, дар санаи болозикр бо ташаббуси садорати факултети муштараки муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ бо иштироки шумораи зиёди омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он роҳбарияти факултет, омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯёни фаъол дар мавзӯи вохӯрӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, бо ибтикори роҳбарияти хобгоҳи №3 ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор карда шуд.

Дар давоми баргузории силсила чорабиниҳо 16 ноябр дар толори лексионӣ бо ташаббуси садорати факултети энергетикӣ ва хадамоти тарбия ҷамъомади идона бо иштироки шумораи зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил шуда, дар он роҳбарияти факултет, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли факултет суханронӣ карданд.

 

  

 


Ба рӯйхат