Cеминари омӯзишӣ: оид ба таҳияи дархостҳо барои таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳати беҳтар намудани муҳити  таҳсилот дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”

 18.11.2021

Душанбе, 18 ноябрябри соли 2021

            

             23 ноябри соли 2021, дар толори Маркази инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки роҳбарон ва кормандони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар семинари омӯзишӣ оид таҳияи дархостҳо барои таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳати беҳтар намудани муҳити таълим баргузор гардид.

             Семинари мазкур бо мақсади дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар омода намудани дархостҳо барои ба даст овардани таҷҳизоти иттилоотию коммункатсионӣ ва лабораторӣ ҷиҳати беҳтар намудани муҳит таълим ва сифати таҳсилоти олӣ гузаронида шуд. Дар кори семинари омӯзишӣ муовини Вазири маориф ва илми ҶТ Собирзода Н.М ва ҳамоҳангсозӣ Лоиҳаи “Рушди таҳсилотӣ олӣ” иштирок намуданд. Дар семинар бо сухани муқаддимавӣ мувони Вазири маориф ва илми ҶТ Собирзода Нуралӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои раванди татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, натиҷаҳои ба дастовардашуда, беҳтар намудани фазоӣ ва сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути муҷҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳо бо технологияи муосир ва  инноватсионӣ изҳори назар намуданд. Инчунин, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” Саидзода Халимҷон оид ба иштирок маъсулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати иштирок дар таҳқиқот оид ба пайгирии хатмкунандагони ба шуғл сухаронӣ намуда, тавсияҳо пешниҳод намуд.

         Дар семинар масъалаҳо оид ба амалисозии зерқисмати 1.3. “Беҳтар намудани шароити таълим дар МТОК”, ҳадафҳо ва раванди татбиқи зерқисмат, тартиби таҳия ва пешниҳоди дархостҳо аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин арзёбии дархостҳо барои таҷҳизоти лабораторӣ ва технологияҳои иттилоот Исмоилов И.Ш. ҳамоҳангсози барномаҳои грантӣ баромад карда, ба саволҳои иштирокчиёни семинар посух доданд. Семинарро муовини вазири маориф ва илми ҶТ Собирзода Н.М. ҷамъбаст намуд.

             Дар ин замина бояд қайд намуд, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, даври амалисозии фаъолияти нав ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ бо таҷҳизотҳои таҷҳизоти лабораторӣ ва технологияҳои иттилоотӣ оғоз гардид, тибқи он муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои дарёфт намудани таҷҳиҳоти таълимӣ до 20 декабри соли 2021 бояд дархостҳои худро ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ вобаста ба талаботи воқеъӣ ва мувофиқат ба барномаҳои таълимии насли нав ба озмун пешниҳод намоянд.

 Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” 18.11.2021

   

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат