ИШТИРОКИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

 25.11.2021

Дирӯз - 24-уми ноябри соли 2021 устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар чорабинии бошукӯҳи бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боғи Парчами давлатӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Донишҷӯён таҳти роҳбарии раёсати донишгоҳ, сохтори тарбия ва муовини декани факултетҳои донишгоҳ оид ба тарбия дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар ин чорабинӣ иштирок карданд.

Фазои идонаи Боғи Парчами давлатиро Парчами зебои давлатӣ, ки ҳамагон дар даст доштанд, боз ҳам бошукӯҳтар гардонида буд. Ҷавонон шукргузор аз тинҷию амонӣ, серию пурӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурсандию шодию нишоти худро бо алвонҷ додани парчами дасташон иброз медоштанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат