КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛИИ

 09.12.2021

Рӯзи 9-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва 25-солагии таъсисёбии кафедраи металлургия конференсияи байналмилалии илмию амалии "Проблемаҳои муосири саноати металлургӣ" баргузор шуд.

Ҷаласаи пленариро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим - Маҳмадизода М.М. ҳусни оғоз бахшид.

Баъдан н.и.х., дотсент Раҳимов Ф.Қ., д.и.х., профессор Ҷӯраев Т.Ҷ. ва д.и.х., профессор Ғаниев И.Н. бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд. Пас аз маърӯза баҳси илмии доманадор сурат гирифт.

Дар охири ҷаласаи пленарӣ ба як қатор фаъолони кафедра ва ихтисос ифтихорномаву сипосномаҳои ҶСК "Ширкати алюминийи тоҷик" ва ҶДММ "Ноқили ТАЛКО" супорида шуд.

Боиси қайд аст, ки кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давоми имрӯз ва пагоҳ идома меёбад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат