ОЗМУНИ «КИТОБХОНИ ФАЪОЛ» ДАР ДОНИШГОҲ

 10.12.2021

10-уми декабри соли 2021 дар толори китобхонаи электронии китобхонаи бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ озмуни «Китобхони фаъол» гузаронида шуд. Дар озмун намояндагони сохтори ташкилию тарбиявӣ – Сатторова М., Раҳимова С., Амонатова Ф., кормандони китобхонаи марказии донишгоҳ – Лашкарбекова З., Ҷумаева М., Ғоибова Х., Содиқова Б., Қодирова З., Хушназарова Н. ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғози озмун директори китобхона Неъматова С. баромад намуда, донишҷӯёни даъватшударо барои китобхони фаъол, китобхони ботарбия ва бомаданият буданашон сипосгузорӣ намуд, аз вазъи ҳозираи китобхонӣ дар китобхона маълумот дод. Инчунин директори китобхона доир ба ворид шудани китобҳои тозанашр ахборот дода, мақсади гузаронидани ин озмунро дар тақвият бахшидани истифодабарии китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ ва ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ҳисобид.

Барои гузаронидани озмун комиссия дар ҳайати раиси комиссия – Неъматова С., ва аъзоён – Сатторова М., Лашкарбекова З. Ҷумаева М. интихоб карда шуд.

Аз ҷониби донишҷӯён донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 430101Б аз факултети энергетикӣ – Давлатмамадов Некрӯз ва донишҷӯйи курси 2-юми гуруҳи 430103А аз факултети энергетикӣ – Довудзода Амирҷон баромад намуданд.

Дар рафти гузаронидани озмун картаҳои донишҷӯён истифода карда шуданд, ки аз онҳо дида китобдорони китобхона 3 нафар китобхонҳои фаъолро эълон намуданд: Довудзода Амирҷон – донишҷӯйи курси 2-юми гурӯҳи 430103А, Суҳайлӣ Бадриддин – донишҷӯйи курси 4-уми гурӯҳи 530104-03, Ҳаитзода Сипеҳр – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 530105-01. Ба донишҷӯёни интихобнамуда туҳфаҳо – китобҳои техникӣ супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат