МАРОСИМИ БА ИМЗО РАСИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА БУНЁДИ УСТОХОНАИ БА НОМИ ЛУ БАН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 04.01.2022

Санаи 4-уми январи соли 2022 маросими ба имзо расидани ёддошти тафоҳум оид ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид.

Дар маросим ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Ҷинбин, директори генералӣ ва муовини директори генералии Trans-Tajik Gas Pipeline ltd. Лю Тао ва Тан Ҷин, раиси фахрӣ ва котиби генералии Федератсияи хитоиҳои бурунмарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хан Дунҷӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар баромад намуда, доир ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Си Ҷинпин бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд – як роҳ”, пурзӯр гардидани иқтидори тарафайн дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳои байналмилалӣ ва татбиқи онҳо, инчунин тақвият додани ҳамкориҳо суханронӣ карда, иброз намуданд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба тақвият ёфтани муносибатҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Халқии Чин аҳамият махсус зоҳир менамояд.

«Итминон дорам, ки «Устохонаи ба номи Лу Бан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштаи сифати таълим ва ба бозори меҳнат рақобатпазир намудани хатмкунандагон – муҳандисони оянда саҳми арзанда мегузорад ва ба яке аз устохонаҳои намунавӣ дар Осиёи Миёна мегардад» изҳор дошт ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат.

Сипас, котиби Кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Ҷинбин баромад намуда зикр кард, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ва тадбирҳои созандаи Роҳбарияти Олии ҳарду кишвар лозим аст, иқтидори ҷонибҳо барои ба сатҳи комилан нав баровардани ҳамкориҳо пурра истифода шавад.

«Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар Ҷумҳурии Халқии Чин эътироф шудааст ва дар Тоҷикистон донишгоҳи пешқадами политехникӣ мебошад... Мо бо донишгоҳ дар самтҳои гуногун фаъолият хоҳем кард», қайд кард котиби Кумитаи ҳизбӣ Ли Ҷинбин.

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки устохонаи ба номи Лу Бан, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ бунёд мегардад, аввалин чунин устохонаҳо мебошад, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Чин дар миқёси Осиёи Марказӣ бунёд карда мешавад. Айни ҳол, корҳои банақшагирӣ ва муайян намудани ҷой, масоҳат ва баҳодиҳии шароити зарурӣ ба анҷом расонида шудааст.

  

  

#TTU #TTU_international #TTU_2021

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат