СИПАРИ БОЭЪТИМОД

 23.02.2022

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ, афсарони шуҷои Ватан!

Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Имрӯз бо фараҳмандӣ метавон гуфт, ки ҷузъу томҳои Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишварамон ҳамеша омодааст.

Рӯзи 23-юми феврал ба ташкилёбии Артиши милли Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту нӯҳ сол пур мешавад. Ин рўйдод дар таърихи халки тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад.

Артиши миллии Тоҷикистон дар як давраи ҳассос таъсис дода шуда, дар муддати на чандон тӯлон аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашт. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии солҳои 90-уми қарни гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон дар давраи оғози ташаккули қувваҳои мусаллаҳи худ меросе аз гузашта дошта бошад.

Ҳимояи сохти конститутсионӣ, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи кулли тоҷикистониён, бартараф намудани хатари пошхӯрии давлати ҷавони тоҷикон ҳатман таъсис додани Артиши миллиро тақозо менамуд.

Бо назардошти чунин зарурият, дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто маънавӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯз мо, пиру ҷавон – ҳама зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш ҷамъияте барпо намудаем, ки номи миллати сарҷамъи тоҷикро гирифта, давлати ваҳдатпояи Тоҷикистонро соҳиб аст ва он ба унвони хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон шинохта мешавад. Муҳофизони шуҷои Ватан, неруи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Модар – Ватани азизи худро доранд.

Ҳамдиёрони азиз, муҳофизони Ватан!

Имрӯзҳо вазъи олами муосир хеле шадиду тезу тунд буда, дар минтақаҳои гуногуни олам бо сабаби бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва хурӯҷ ёфтани фаъолияти гуруҳҳои ифротию экстремистӣ муборизаҳои сиёсӣ ба фаъолияти бевоситаи ҳарбӣ табдил ёфта истодаанд. Сирояти вабои аср – терроризм ва экстремизм ба ҳамаи халқҳою кишварҳо таҳдид менамояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ ва пуштибонони абарқудраташон аз истифодаи ҳама гуна усули имконият, аз ҷумла аз истифодаи эҳсосоти динию мазҳабӣ ҳазар намекунанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллиамонро пайваста боло бардошта, барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватанамом, барои рушду пешрафти қувваҳои мусаллаҳи он ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ин ҳам қарзу ҳам фарзи ҳар як зиёӣ, пиру ҷавон, умуман ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Артиши миллӣ дар ҳар давру замон кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор дар кишварамон ҳамеша сулҳу ваҳдат танинандоз бошаду Артиши миллиамон чун кафили амнияту саодатмандии мардуми Ватани азизамон тавоною пурқувват бошад!

Шумо ва ҳомиёни сарбаланди Ватанро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик менамоям. Бигзор осмони кишвари мо ҳамеша софу беғубор, хотири ҳамагон осудаву сулҳу амонӣ дар Тоҷикистони азиз ҳамеша танинандоз боқӣ монад.

Ҷашн муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

 


Ба рӯйхат