ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

 07.03.2022

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомат ва муҳаббати беандоза ба модар таҳти унвони "Фариштаи меҳр" таҷлил гардид. Толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ аз таровати баҳор ва меҳри модарона саршор буд.

Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ тамоми бонувони донишгоҳро бо фарорасии ин Рӯзи нек - Рӯзи Модар табрику муборакбод намуд. Ӯ изҳор дошт, ки Модар ягона нафарест, ки меҳру муҳаббаташ беандоза, беолоиш ва беканор аст. Ҳеҷ як мавҷуди дигар барои мо чунин рафтор карда наметавонад. Модар бузург аст, Модар нотакрор аст.

Дар поёни сухани табрикотии ректори донишгоҳ бо фармоиши ректор як қатор бонувони донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Пас аз маросими табрикотӣ дастаи фарҳангии донишгоҳ бо барномаи зебои фарҳангии худ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат