Иштирок дар чорабинии байналмилалии «Форуми таълимии Россия ва Тоҷикистон. Дурнамои ҳамкорӣ»

 12.03.2022

Рӯзи 1-уми марти соли 2022 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо таври онлайн дар чорабинии байналмилалии «Форуми таълимии Россия ва Тоҷикистон. Дурнамои ҳамкорӣ», ки бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж баргузор шуда буд, иштирок карда, дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони як қатор давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву истеҳсолӣ иштирок доштанд.
Зимни маросими ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар маърӯза ироа намуданд, ки он фарогири масоили шароити таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, иқдоми илмии муассиса, мубодилаи академӣ, нашри якҷояи маводҳои илмӣ бо доираҳои илмӣ, ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия ва имкониятҳои рушди робитаҳо дар самтҳои гуногун буд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат