Маркази тестӣ дар сохтори раёсати таълим таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси низомнома, дастурҳои вазифавӣ ба роҳ мондааст. Аз оғози соли 2021 дар асоси сохтори идоракунии такмилдодашудаи донишгоҳ номи “Маркази тестӣ” ба “Маркази тестӣ ва бақайдгирӣ” иваз карда шуд. Дар назди марказ бахши назорати синфхонаҳои компютерӣ амал мекунад. Марказ бо бинои наву замонавӣ таъмин гардида, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонида шудаанд. Дар воҳидҳои штатии марказ мутахассисони баландихтисос ва ботаҷриба ҷалб карда шудаанд, ки барои таъмини моддӣ-техникии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, алалхусус мутахассисони соҳаи техникӣ ва технологияи компютерӣ саҳм мегузоранд.
Маркази тестӣ ва бақайдгириро солҳои гуногун Сафаров Қ.А., Зайниддинов Т.Н., Каримзода Ҷ.Ҳ. роҳбарӣ намудаанд. Ашурзода Б.Х. ҳоло роҳбарии маркази тестӣ ва бақайдгириро ба зимма дорад.