Давлатзода Қудрат Қамбар

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

5 апрели соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Маълумот: олӣ. Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон.

Ихтисос: муҳандис-химик-технолог.

Мукофот ва қадршиносиҳо: медали “Хизмати шоиста”; Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1990-1995 донишҷӯйи Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон;

Солҳои 1995-1998 –  ассистенти кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

Солҳои 1998-2000 – аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия;

Солҳои 2000-2004 – ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2008 – ходими калони илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия;

Солҳои 2009-2011 – сардори раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2011-2012 –  сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (Славянии) Россияву Тоҷикистон;

Солҳои 2012-2013 – муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ;

Солҳои 2013-2017 – декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Солҳои 2017-2018 – ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Солҳои 2018-2020 – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 20.11.2020 то ҳол – ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ

муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 
   

Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек

муовини ректор оид ба илм ва инноватсия,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Curriculum vitae (CV)

   

Аҳмадзода Бунафша Саймузафар

муовини ректор оид ба тарбия,
номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент

   

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло

муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Curriculum vitae (CV)

   

Шарипов Шуҳрат Қурбонович

муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

   

Абдурасулов Анвар Абдурасулович

мушовири ректор,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

   

Қодиров Неъматулло

Ёрдамчии ректор
 
 
 

Донишгоҳ